Дар бораи мо
Ширкати «Мултикид» 24 декабри соли 1999 таъсис ёфта аввалин маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин соли 1999 бо мақсади омӯзиши забони англисӣ аввалин сафари гурӯҳии мо ҳамроҳи муассисамон Ҷураева М. Т. ба Британияи Кабир сурат гирифт. Шурӯъ аз соли 2016 фаъолияти мо ҳамчун ширкати машваратӣ дар самти таҳсилот дар хориҷи кишвар оғоз ёфт. Тӯли солҳои мавҷудияташ «Мултикид» эътимоди ҳазорҳо донишҷӯ ва волидони онҳоро ба даст оварда, ҳамарӯза орзуи онҳоро ба ҳақиқат табдил медиҳад.